- бод
- I[باد]1. ҷараёни уфуқии ҳаво, вазиши ҳаво, шамол; яке аз чаҳор унсури ташкилдиҳандаи ҷаҳони ҳастӣ (об, оташ, хок, бод); боди афғонӣ шамоли сахту гарми ҷанубӣ, ки аз тарафи Афғонистон бо чанги регомез мевазад, тафбод; боди мувофиқ // боди мурод шамоли матлуб, ки ба ҳаракати киштиҳои бодбонӣ мусоидат мекунад; боди мухолиф // боди муқобил шамоли номатлубе, ки аз рӯ ба рӯй вазида, ба ҳаракати киштӣ монеъ мешавад; боди сабо насими форам; боди шурта шамоле, ки мувофиқи рафти киштӣ мевазад2. ҳаво, пуф, дам, нафх; бод додан а) ба муқобили бод гузоштани чизе; шамол додани чизе (барои хушконидан, хунук кардан ва ғ.); б) маҷ. беҳуда сарф кардан (пулро), несту нобуд кардан; бод кардан а) шамол додан бо бодбезан ё чизи дигар (барои хунук ё хушк кардани чизе); б) пош додани ғалладонаи кӯфташуда барои тоза кардани он аз коҳ ва гарду чанг3. боде, ки аз шикам мебарояд, боди шикам, тиз4. нафхе, ки ба эътиқоди қадимиён дар натиҷаи хӯрдани баъзе ғизоҳо дар бадан пайдо мешудааст; варам, омос5. тиб. дарде, ки дар натиҷаи тамоман шифо наёфта боқӣ мондани осори ягон беморӣ пайдо мешавад; асари дар бадан мондаи ягон касалӣ: боди нағзак; бод кашидан а) аз як зарф ба зарфи дигар ё дар худи ҳамон зарф бардошта рехтани моеъ, гардон-гардон кардан (мас., чойро баъд аз дам кардан, шири дар дег ҷӯшидаистодаро барои надамидан бо кафлезе ё чумча кам-кам гирифта дубора ба дег рехтан); б) баромадагӣ ё варами узве аз бадан бар асари беморӣ (шамол хӯрдан) ва ё зарба; боди фатқ бемории дабба, чурра◊ бар бод додан а) беҳуда сарф кардан, зоеъ намудан; б) аз байн бурдан, несту нобуд кардан; бар бод рафтан зоеъ шудан; нест шудан; ба боди дашном гирифтан маҷ. сахт дашном додан; ба боди фано рафтан нобуд шудан, нест гардидан; коҳи кӯҳнаро бод кардан (додан) ягон кор ё воқеаи нохуши гузаштаро ба ёд овардан; ягон сухани гузаштаро ба хотир овардан; нафасатро бод барад! сухани бадат бо худат нест шавад (таъбири дашном, ки дар мавриди гапи шуме задани касе гуфта мешавад)II[باد]шакли кӯтоҳшудаи бошад (дар хитоб): зинда бод!, нест бод!, ҷонам фидои ту (шумо) бод!; муборак бод! табрик мекунам, табрик мегӯям; ҳалолат бод офарин!, аҳсан!; ҳар чӣ бодо бод! ҳар чӣ шуданӣ бошад, шудан гирад! (дар мавриди таваккалан ба коре даст задан гуфта мешавад)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.